Маърифати оиладори – ин устувории оила ва солимии чамъият аст.

Маърифати оиладори – ин устувории оила ва солимии чамъият аст.
Оила чузъи умдаи хастии инсоният ва кисми чудонопазирии хар як миллат ба шумор меравад. Бидуни оила заррае хаётро тасаввур намудан гайри имкон аст. Пойдориву устувории давлат махз аз мустахкамии оила вобастагии басо азим дорад. Мухити поку бе олоиш, манбаи эхтиром, мухаббату самимияту садокат, макони одамият, гулбоги маърифат, ки дар он чо танхо аз акл, хирад ва фаросат сухан аст. Муомилаи оилави, чи муомилаи байни хамсарон, чи муомилаи байни волидайн ва фарзандон, яке аз чузъхои асосии зиндагии хар як инсон хисобида мешавад. Оилаи хуб бехтарин мактабест, ки дар он кудак лабханд, хушхоли, хушхулки, бурдбори ва ахлокро меомузад, инкишоф ва такомул меёбад, рохаш равшан мегардад. Санаи 14- уми майи соли 2017 бахшида ба “рузи Оила”, ки дар тамоми манотики Чумхури бо ибтикори бевоситаи асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дастгири ёфта бо самимияти хоса тачлил карда мешавад чорабин? - вохурии навбатии Иттиходияи Чамъиятии “Начоти кудакон” дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии № 14- и нох. Ховалинг бо хонандагони синфи 10 баргузор гардид, ки мутобики накша ба хонандагони таълимгох хадяхои омоданамудаи рохбарияти Чамъияти “Начоти кудакон” дар аснои иншохои дар вохурихои кабли навиштаи хонандагон дар мавзуи “ман падарамро барои чи дуст медорам?” такдим карда шуд.

 

Кобили тазаккур аст, ки харчанд хонандагон вазъи кунунии оилахои худ, муносибатхои миёни хонаводаи хеш ва камбудию муваффакиятхои оилавии хешро изхор накарданд аз руи навиштахояшон дар руи вараки иншо, ки саршор аз шеъру панду андарзхо буданд ба хуби хулоса кардан мумкин буд, ки харяки онхо дар карни дил орзу ва умеди худро дар оилаи солиму обид дидан мехоханд. Хамин тарик аз икдоми навбатии Чамъият хонандагон болида хотир гашта аз иштирокдорони вохури оиди оила, муносибати шоиста дар оила миёни фарзандону волидайн ва таъсиру иштироки бевоситаи фарзандон дар муносибат ва муомилаи миёни волидонашон панду андарзхои хикматнокро шунида ваъда доданд, ки дар зиндагии хеш аз он истифода бубаранд.

 

Дар ин росто, тазаккур бояд дод, ки аз оилае ба чуз чанчолу алфози кабех, ночурию бухлварзи амали неке вучуд надошта бошад, фарзанди хушкирдорро интизор шудан сахех нест. Хар он чиро, ки мухити оилави дар худ дорад, онро кудак барои худ мегирад.

­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­

Икдоми шоиста
Барои расидан ба максади лоиха аз чониби хукукшинос ва равоншиноси Иттиходияи Чамъиятии “Начоти кудакон” хар рузи Чумъа аз соати 10:00 то 12:00 дар бинои Сабти Асноди Холати Шахрванди маслихатхои хукуки ва равони бо навхонадорон, нафароне, ки барои дар кайди САХШ ташриф меоранд ва умуман барои кулли шахрвандону хохишмандон вохурихои машваратии ройгони хукукшиносу равоншинос рохандозишуда барои бозхам наздиктаршудан бо тамоми намуди кишрхои чомеа икдоми шоистае гардидааст. Зеро ин икдом аз чониби раиси шахри Кулоб хамчун икдоми шоиста унвони гоибонаро касб намуд.


Хукукшиноси чамъият Рахматуллозода Фуркат: - Лоихаи дастгири ва мустахкамгардонии маркази захиравии занони шахри Кулоб ба мухофизати хукукии занон ва духтарони аз хушунати оилави зарардида равона карда шудааст. Вобаста ба хамин дастгири дар марказ шароити хуби хизматрасонии хукуки, равони ва тибби вучуд дорад. Хукукшиноси Маркази захиравии занони ИЧ «Начоти кудакон» Рахматуллозода Фуркат аз руи лоихаи «Дастгир? ва мустахкамгардонии марказхои захиравии занони вилояти Хатлон дар шахри Кулоб» фаъолият карда Гузаронидан ва додани машваратхои хукуки дар байни занону духтарон ба воситаи додани ахборот, баланд бардоштани дониши хукуки ва малакаи онхо, расонидани кумаки хукукиро сармашки кори хеш кардааст.  : - “Ман хамчун хукукшиноси ин лоиха дар мохи апрели соли 2017 аз руи накшаи корие, ки аз тарафи иттиходияи чамъияти тасди карда шуда буд ва маводхое, ки аз тренингхо дастрас намуда будам кору фаъолияти худро чоннок намуда дар тули як мохи давраи амалишавии лоиха корхои ба накша гирифтаамонро ба итмом расонидам. Хамаи он заноне, ки ба марказ ташриф меоранд, хатман бо фаъолияти Маркази Захиравии Занон шинос шуда аксарияти онхо арзи сипос хам мекунанд. Дар баробари машварати хукуки мо бо оилахои ноустуворе, ки дар ш. Кулоб вучуд доранд, машваратхои хонаводаги гузаронида ба онхо мохияти конунхои амалкунандае, ки аз тарафи Чумхурии Точикистон кабул шудаанд маълумотхо медихем ва ба онхо маълум мекунем, ки  хар кас чои худро дорад ва хукуки хамаи мо баробар аст: ”Зан дар чомеа ва оила накш ва мавкеи калон дорад.  Дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон хамчун санади олии хукукидошта омадааст, ки давлат ба хар кас катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътимоди дин?, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсил ва молу мулк, хукуку озодихоро кафолат медихад. Мардон ва занон баробар хукуканд. Давлат оиларо хамчун асоси чамъият химоя менамояд. (моддаи 17).     
Чумхурии Точикистон дар давраи сохибистиклолии худ мухимтарин санад?ои хукукии байналхалки, аз чумла эъломияи умумии хукуки Инсон ва конвенсия «Дар бораи бархам додани хамагуна шаклхои табъиз нисбат ба занон»-ро  эътироф намуданд.
Гайр аз ин Чумхурии Точикистон дар навбати худ як катор  конуну санадхои меъёри хукукиро оиди мухофизат ва нигох доштани хукуку озодихои зан кабул ва мавриди амал карор додаст: аз чумла Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи кафолатхои давлатии баробархукукии мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо» (01.03.2005 тахти №89),  Фармони Президенти ЧТ  «Дар бораи баланд бардоштани мавкеи зан дар чомеа», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи пешгирии зуровари дар оила» (19.03.2013 сол №954) ва гайра.
Асосгузори Сулху вахдати милли-Пешвои миллат Президенти мамлакатамон Чаноби Оли  мухтарам Эмомали Рахмон пайваста дар паёмхои харсолаи худ ва баромадхояшон оиди хукуку манзалати зан суханронихо намуда таъкид бар он медоранд, ки он дар амал тадбик карда шавад. Хамаи инро ба назару эътибор гирифта мо имруз бар души худ масъулият гирифтем то ба насли имр?зи Ватан каме хам бошад сахми босазои худро гузорем ва тавониста бошем бахри адолати имрузи кишвар байни занону духтарони шахру дехотамон оиди хукукхои шахрванди ва конститутсионии онхо фахмондадихихо гузаронида тавонем.

Маслихати хукукшинос:
Хуччатхои зерин хукукхои Шуморо мухофизат мекунанд!
1.Сарконун
2.Конун «Дар бораи пешгирии зуровари дар оила»
3.Конун «Дар бораи гендер»
4.Паеми Президенти ЧТ
5.Конвенцияи байналхалки дар бораи нест кардани тамоми намудхои хушунату зуровари нисбати занон» (CEDAV)
6.Стратегияхои амалисозии конун «Дар бораи пешгирии зуровари дар оила» барои солхои 2015-2023


Ман Равоншиноси Маркази захиравии занони ИЧ «Начоти кудакон»» Акбарова Чамила аз руи лоихаи «Дастгири ва мустахкамгардонии марказхои захиравии занони вилояти Хатлон дар шахри Кулоб» фаъолият дорам. Дар асоси накшаи кории тартибдодашуда рузхои душанбе ва сешанбе аз соати 9-00 то 16-00 ва рузхои панчшанбе аз соати 13:00 то 16:00 дар коргохи ИЧ «Начоти кудакон» кабули шахрвандон ва додани машварати равони пешбини гардида буд, ки дар ин мох ба кабули ман хамчун равоншинос 25 нафар ташриф оварданд, ки аз онхо 23 нафарашон занону духтаронро ташкил мекунанд.
Хангоми кабули озордидагон онхо асосан мехоханд хамаи рози дилашонро бигуянд, аммо аз сабаби вакт танг будан мо хангоми гуш кардани саргузашти онхо танкиси мекашем ва имконияти хамаи суханони онхоро гуш карданро надорем. Вале озордида мехохад дар як руз бо онхо то се чор соат суханрони намоем, инчунин хангоми вохури тарики саволу чавоб муайян кардан мумкин аст, ки холо хам сатхи маърифатнокии хукукии занон паст мебошад ва аз такризхои додаи онхо маълум мегардад, ки чун ин вохурихо тез-тез ба рох монда шавад ва дар чунин вохурихо мардон аз чумла мардоне, ки аз мухочирати мехнати омадаанд ташкил карда шавад инчунин ичро нашудани дархостхояшон аз тарафи макомотхои хифзи хукук. Гайр аз ин ба озордидагон дар макомотхо муносибатхоеро раво мебинанд, ки суханони онхоро гуш намекунанд ва ё нуктаи назари онхо ба назар гирифта намешавад.
Дар Чумхурии Точикистон Хукумат, Парламент ва бевосита Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат президенти давлат кори зиёде дар бобати хифзи хукукхои занон ва духтарон, пируз гардондани зиндагии онхо ичро карда истодаанд. Конунхои зиёде тасдик ва тачлил шудаанд, ки ояндаи зиндагии занонро хамачониба мустахкаму бехтар мекунанд, лекин ба ин нигох накарда мушкилотхо зиёданд. Дар зиндагии хозира зухуротхои номатлуб ба мисоли пошхурии оилахо, никоххои барвакти ва хешутабори, зуровари нисбати занон хеле зиёд ба чашм мерасанд. Сабаби асосии чунин вокеахо, ин хам бошад сатхи пасти дониш ва маълумотнокии худи занон мебошад.                                                   
Маслихати равоншинос:

  • Дар холати дагали ва рафтори газабнок аз чониби касе ба вай чавоб нагардонед.
  • Барои нест нашудани нишонахои чарохати расондашуда сари вакт ба нуктахои ташхиси тибби мурочиат намоед.

 

КОР БО ХОНАНДАГОНИ НОХИЯХОИ ДУРДАСТ



Санаи 15-уми маи соли равон дар мактаби тахсилоти миёнаи умумии № 18-и нохияи Ховалинг чам. Лохути кишлоки Сафедшахрак бо хонандагону устодони таълимгох вохури гузаронида атрофи мавзуи лоихаи Идтиходияи Чамъиятии «Начоти кудакон» яъне муаррифии Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи пешгирии зуровари дар оила» сухбати озод гузаронида шуд.
Дар рафти вохури рохбари ташкилот Косимова Курбонгул атрофи ташкилоти чамъияти ва созмони байналмиллалии САХА (Созмони Амният ва Хамкори дар Аврупо) ба иштирокчиён маълумот дода максади ташриф ба муассисаи мазкурро хамчун баланд бардоштани савияи дониши хукукии ахолии дурдаст ба хусус чавонону наврасон арзёби намуд. Кобили тазаккур аст, ки аз очниби рохбарияти муассисаи таълимии мазкур вохури нихоят саривакти арзёби гашта дастгири ва тарафдории эшон низ дар назари хонандагон накши арзандеиро хотирмон шуд. Фасилитатор ва хукукшиноси марказ бошанд дар навбати худ пахлухои чамъияти ва хукукии ин конунро ба иштирокдорон муаррифи карда нихоят бо хонандагону устодон атрофи ин мавзуъ ва пахлухои нофахмои онро саволу чавоб карданд. Нависонидани андешахои хонандагону устодон дар варакахои баходихи бори дигар аз саривакти ва лозими будани чунин вохуихои сайёр исботи худро ёфт. Гуфтан ба маврид аст, ки Иттиходияи Чамъиятии «Начоти кудакон» аз рохбарияти таълимгохи мазкур миннатдор шуда эхтиромона хохиш намуд, ки барои гузаронидани вохурии омузиши бо 15- нафар хонандагон барои дигар рузи таквими мусоидан намоянд, ки бо хушхоли ин пешниход аз чониби рохбари муассисаи мазкур дасгири ёфт. Албата накши устодон дар раванди зиндаги, таълиму тарбияи насли наврас чои назаррасро ишгол намуда дар раванди чахонишави ва тараккиёти илму фарханги дунё бенихоят ахаммияти бузург дорад. Аз ин ру хамкори бо ташкилотхои чамъиятие, ки максади некуахволии шахрвандонро доранд на танхо вазифаи шахсони алохида балки хар як зиёи ба хисоб меравад.