Статья от Марджоны

Тули шаш мох мешавад, ки маркази машваратии сохибкори фаъолияти худро дар бобати чунин асосхои сохибкори ба рох мондааст: машварати хукуки, машварат оиди муносибатхои андозу андозбанди, машварат оиди хариду фуруш, хуччатгузори, тартиб додани накшаи муфиди сохибкори ва гайра. Яъне ин маркази навтаъсис ба он табакаи чомеа кор бурда истодааст, ки бевосита ба фаъолияти сохибкори машгул хастанд. Фаъолияти сохибкори аз тарафи санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешавад. Масалан, Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти кишвар, чаноби оли, мухтарам Эмомалии Рахмон дар паёми солонааш кайд карда гуфтанд, ки «махз дар натичаи тадбирхои дар самти бехсозии фазои сохибкориву сармоягузори амалигардида мавкеи кишвари мо бехтар шуда, тибки арзёбии созмонхои байналмилалии молияви дар давоми солхои охир 3 маротиба ба катори 10 кишвари ислохотгари пешсаф дохил гардид». Албатта, ки ба чахони тичорат ворид шудан кори сахл нест вале имруз шукрона аз истиклоли Ватан, шукрона аз тенчиву амонии кишвар мекунем, ки дар катори мардон занхо низ ба иктисоди бозаргони яъне ба чахони тичорат ворид шудаанд ва ин аз кавииродагии зани точик дарак медихад. Дар моддаи 12-и тафсири Конститутсия оварда шудааст, ки дар замони навин асоси иктисодиётро махз иктисодиёти бозаргони ташкил медихад ва барои фаъолияти муътадил ва самараноки он, пеш аз хама фаъолияти иктисоди бояд озод бошад ва сониян, ягонагии фазои иктисоди дар тамоми каламрави Точикистон таъмин карда шавад. Яъне моддаи тафсиршаванда кафолати хукукии амали принсипхои номбаршударо ба танзим дароварда, принсипи асосии иктисодиёти бозаргони-ракобати солимро эътироф намудааст. Инчунин давлат химояи хама гуна муносибатхои бозаргони ва иштирокчиёни онхоро ба зимаи худ мегирад.