Пешгирии зуровари дар оила.
08.10.2015с дар маркази захиравии занон бо занхои фаъоли ш. Кулоб, ки хар кадоме дар вазифахои гуногун фаъолият мекунанд вохури гузаронидем доир ба мавзуи «Пешгирии зуровари дар оила» . Ин мавзуи бахсталаб аст ,ки ягон кишри табакахои чомеаро бетараф намегузорад . Хар кадоме аз иштирокчиен фикру мулоизахои худро пешниход намуданд. Фикру акидаи онхо дар бораи пешгири зуровари дар оила : Савронби Рахимова-раиси шурои занондар донишгохи педагогоии Кулоб:. Зуровари нисбати занон ва духтарони зухуроти номатлуб буда хамаи моро бетараф монда наметавонад,хусусан,муносибатхои зану шавхар,келину хушдоман.Дар амалиетхо накши уламои дин хеле зиёд аст. Аз хамин лихоз хохиш мекунам,ки корро бо масчидхо чоннок намоем. -Анварби Сафарова –сардухтури таваллудхонаи вилояти : корро дар махалахо дар байни байни падару модар ривоч додан лозим. - Хадамоти мухочират, - Махмудова Кумринисо ,намояндаи колледжи тибби: корро дар донишгоххо , колечхо ва омузишгохи педагоги зиёд кардан даркор,чунки хамаи фаъолият ба деха ва махалхо равона карда шудааст,дар он холе,ки чавонон дар ин корхонахои маърифати чамъ шудаанд. Вобаста ба ташкил кардани раванд ва намудхои амалиёт , иштирокчиён чунин пешниходхо карданд: Вохури ,чорабини ,семинар –машварат ,чорабинихои мадани –фарханги ; мизи мудаввари телевизиони ,олимон ва донишмандонро чалб кардан . Дар натичаи мусохибаи кушод иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки дар чорчубаи барномаи тасдикшудаи Хукумати шахри Кулоб аъзоёни шурои чамъиятии занон дар хамкори бо ТЧ «Начоти кудакон» амалиёти «Фахмондадихи» - ро интихоб карда метавонанд. Фахмондадихи: Барои ин амалиётро ичро кардан чунин чорабинихоро пеша намудан зарур аст: - ташкил кардани гуруххои кори; - пахш кардани маълумотхо дар ВАО ва телевизион ; -гурухро аз хисоби мутахассисони зерин: Хукукшинос ,равоншинос коргари тиб , хатибон ,намояндагони хукумат , ЗАГС, шуъбаи корхои дохили, занони фаъол ташкил кардан зарур аст. Вохурихоро дар намуди сухбатхои озод, кор бо мардон (алохида) , чавондухтарон, бо рохи интихоби дурусти мавзу, баромадхои седакикаина, таксими мавзухо дар байни фаъолзанон, сухбатхои пасипардаги бо чабрдидагон, аксияхо, маводхои таксимоти гузаронида мешавад.